Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30305

Милош Земан: Баромадани Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо барои ҳар ду ҷониб бад аст

Душанбе, 08.07.2016. / АМИТ «Ховар» /. Қарори Британияи Кабир оид ба баромадан аз Иттиҳоди Аврупо барои ҳар ду ҷониб бад аст. Чунин ақидаро Президенти Чехия Милош Земан дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Prima» изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Шотландия барои истиқлолият овоз дода, ба Аврупо ҳамроҳ хоҳад шуд.
Қисме аз гуноҳи Brexitро роҳбари Чехия ба Комиссияи Аврупо вогузошт.  ИА-ро барҳақ як азимҷуссаи иқтисодӣ ва хурдҷуссаи сиёсӣ меноманд. «Ман мехоҳам, ки ӯ баробар бо Чин, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтугӯ кунад»,- гуфт Милош Земан.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30305

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>