Душанбе, 08.07.2016. / АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Роҳи оҳани Тайван хабари таркишеро, ки дар яке аз қатораҳои истгоҳи Роҳи оҳани Суншан дар Тайбэе 7 июли соли равон рух дод ва дар натиҷаи он 20 мусофир ҷароҳат бардоштанд, тасдиқ кард.
Дар ин бора Агентии иттилоотии «Синхуа» иттилоъ дод.
Айни замон оташ хомӯш карда шуда, мусофирон аз қатораҳо кӯчонида шудаанд.
Сабаби сӯхтор ва шумораи дақиқи зарардидагон ҳанӯз маълум нашудааст.
↧
Бар асари таркиш дар роҳи оҳани Суншан дар Тайбэе 20 нафар зарар диданд
↧