Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30542

Доварони бозии дастаи «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ» муайян гардиданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё ҳакамонеро, ки бозиҳои дастаҳои  футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва  «Нефтчӣ»-и Қирғизистонро дар плей-оффи Ҷоми КФО-2020 доварӣ мекунанд, таъйин намуд. Бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО-2020 миёни дастаҳои «Нефтчӣ» барандаи Ҷоми Қирғизистон ва «Хуҷанд» ноиби қаҳрамони Тоҷикистонро ҳакамон аз Кореяи Ҷанубӣ бо сарварии довари ФИФА Чае Санг-Ҳёп баҳогузорӣ мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳакамони бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё -2020 миёни дастаҳои   «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ» аз Урдун мебошанд. Довари ФИФА Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО-2020 миёни дастаҳои футболи «Нефтчӣ» ва «Хуҷанд» 19 феврали соли равон   дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и Ҷалолобод ва бозии ҷавобӣ  26 феврал дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ миёни  дастаҳои «Нефтчӣ» ва «Хуҷанд» дастаи ғолиб ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи «D» бо  дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон  ва «Дордой»-и Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии аввал

19-уми феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00 (бо вақти маҳаллӣ)

«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Сардовар: Чае Санг-Ҳёп (Кореяи Ҷанубӣ)

Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

26-уми феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00 (бо вақти Душанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30542


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>