Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29801

Сироҷиддин Муҳриддин ва Эриван Юсуф масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Брунейро баррасӣ намуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба Салтанати Бруней-Доруссалом бо Вазири корҳои хориҷии Бруней-Доруссалом Эриван Юсуф мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бруней мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.​ Зикр гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ заминаи ҳуқуқии он бояд таҳким ёбад.

Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодиёт,​ маориф фарҳанг ва сайёҳиро аз самтҳои муҳим ва авлавиятнок арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар доираи муносибатҳои бисёрҷониба низ равобитро бо дарназардошти манфиатҳои муштарак густариш хоҳанд дод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29801

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>