Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Рӯзи иди Рамазон рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафқату меҳрубонист

$
0
0

Душанбе, 06.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Одамон иди саиди Фитрро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом — рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек истиқбол мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки хурсандии идона насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад. Зеро Худованд пас аз як моҳи имтиҳону омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафқату меҳрубонӣ муқаррар кардааст», — омадааст дар Паёми табрикии Президенти кишвар ба ифтихори иди саиди Фитр ва дар идома зикр шудааст, ки «Моҳи Рамазон рамзи ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа буда, дар масири садсолаҳо дар амри тақвияти эҳсоси дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар байни мардум нақши арзишманд бозидааст».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>