Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Тони Блэрро барои ҷанг дар Ироқ метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд

$
0
0

Душанбе, 04.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Парлумони Британия ният дорад мурофиаи судиро зидди собиқ сарвазири Британия Тони Блэр дар доираи таҳқиқоти шароити иштироки ин кишвар дар ҷанги Ироқ оғоз намояд, менависад The Guardian.
Тавре хабар доданд, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба иштироки Британия ва нақши Блэр дар ҳуҷуми ИМА ва муттаҳидони он ба Ироқ дар соли 2003, рӯзи чоршанбе, 6-уми июл чоп карда мешавад. Он гоҳ парлумони Британия, аз ҷумла, лейбористҳо ва миллатгароёни Шотландия «кӯшиши ба ҷавобгарӣ кашидан»-и  собиқ сарвазирро хоҳанд кард.
«Сабаб дар он аст, ки 179 сарбози Британия кушта шуданд, 150 ҳазор нафар одам бар асари муноқиша дар Ироқ нобуд гаштанд,  ҷаҳон  бо таҳдиди воқеии терроризм рӯ ба рӯ гардид»- изҳор дошт узви парлумон Алекс Салмонд.
Ба гуфтаи ӯ,  Блэр бояд барои кашидани Британия ба «ҷанги ғайриқонунӣ бо оқибатҳои даҳшатнок ҷазо бинад».
Ҳамчун ҷазо Блэрро метавонад манъи якумраи ишғоли вазифаи роҳбари ҳукумат таҳдид намояд, зикр намуд нашрия. Ба таври назариявӣ ӯро метавонанд аз озодӣ маҳрум созанд, вале вакилон изҳор доштанд, ки ин қӯшиш хислати рамзӣ дорад ва наметавонад маҳкум ба зиндон намояд.
Худи собиқ сарвазир аз шарҳи маърӯза пеш аз нашри он худдорӣ намуд.
Пештар аз ин Тони Блэр иқрор шуд, ки ҳуҷум ба Ироқ боиси пайдоиши гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» гардид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles