Душанбе, 04.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҳукумати Ироқ пас аз таркиши бомба дар Бағдод, ки боиси марги на камтар аз 125 нафар ва ҷароҳат бардоштани 150 нафар гардид, ба муддати се рӯз мотами миллӣ эълон кард, иттилоъ дод BBC.
Мошин бо маводи тарканда дар минтақаи Каррада замоне таркид, ки кӯча серодам буд ва мардум бо харидани туҳфаҳо барои тамошшавии моҳи шарифи Рамазон машғул буданд.
Наҷотдиҳандагон хабар доданд, ки баъзеҳо бо тамоми оила қурбонии таркиш шудаанд ва чеҳраи бисёриҳо ба андозаи ношинохтанӣ зишт шудааст.
Созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифтааст.
Сарвазири Ироқ Ҳайдар — ал-Абадӣ кӯшиш кард, ки рӯзи якшанбе барои боздид аз минтақаи шиъанишин, ки наздикони қурбониён он ҷо зиндагӣ менамоянд, дидан кунад, вале ӯ муваффақ нашуд, чун мардуми ба ғазабомада иҷозаи убури корвони ӯро надоданд, иттилоъ медиҳад BBC.
↧
Дар Ироқ ба хотири қурбониёни ҳамлаи террористии Бағдод мотами серӯза эълон гардид
↧