Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Туҳфаҳои хайриявии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба «Хонаи кӯдакон»

Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Иди фитр Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт ба муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон»-и № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе туҳфаҳои хайриявӣ тақдим намояд.
Аз ин рӯ субҳи дирӯз гуруҳи кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарварии Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода ба муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон»-и № 1 рафта, туҳфаҳои хайрияивро ба тарбиятгирандагон супориданд.
Сайфиддин Назарзода зимни суханронӣ некиву накӯкорӣ ва хайру эҳсонро як бахши имон хонд ва иброз дошт, ки дастгирии дармондагон, кӯмак ба ятимону бепарасторон беҳтарин фазилатест, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles