Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Дар ДДК варзишгарони оянда имтиҳон месупоранд

Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус барои довталабони макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ оид ба самти варзиш имтиҳони даври аввал оғоз гардид.
Дар муассисаҳои олии Кӯлоб чанд сол боз факултаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ амал мекунанд, ки ҳамасола даҳҳо нафар мутахассисони касбии соҳаи варзишро тайёр менамоянд. Баъди ба истифода додани бинои нави таълимӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ соҳиби чандин майдону толорҳои нави варзишӣ гардид.
Ба иттилои масъулин, дар ин донишгоҳ мутахассисон аз рӯи намудҳои баскетбол, футбол, тӯби дастӣ, варзиши сабук ва намудҳои гуногуни гӯштин муаллимони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишгарони касбиро омода мекунанд.
Бояд тазаккур кард, ки соли таҳсили 2015-2016-ро зиёда аз 50 нафар донишҷӯён ҳамчун мутахассиси соҳаи варзиш, варзишгари касбӣ ва муаллими тарбияи ҷисмонӣ донишгоҳи мазкурро хатм намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>