Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон ба созиш расиданд, ки мулоқоти шахсӣ анҷом диҳанд. Дар ин бора агентии Рейтер бо такя ба изҳороти дафтари роҳбари Туркия хабар дод.
Гуфта мешавад, ки роҳбарони ҳар ду давлат зимни гуфтугӯи телефоние, ки рӯзи 29-июн бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифт, ба чунин созиш расидаанд.
Дар бораи маҳз кай баргузор шудани мулоқоти ҳар ду роҳбар маълумот оварда нашудааст.
↧
Путину Эрдуғон мулоқот мекунанд
↧