Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30468

Мулоқоти Пешвои миллат бо ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

$
0
0

Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти молиявӣ, ки солҳои охир зина ба зина густариш меёбад, изҳори қаноат карда, ташрифи ҳайати бонуфузи бонкро омили муҳими таҳкими робитаҳо маънидод намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз таъсири манфии бӯҳронҳои сиёсиву молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳо изҳори нигаронӣ карда, доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла энергетика, рушди соҳибкорӣ, низоми бонкӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ низ баррасӣ гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки ҷалби бештари сармояи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба низоми молиявии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, дар солимгардии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт нақши мусбӣ хоҳад бозид.

Иштироки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуда, амалӣ кардани Лоиҳаи КАСА-1000 намунаи олии ин ҳамкорӣ маънидод гардид.

28013142145_b05f710f5d_z 27978742136_f5c816271c_z 27978739216_5e428ab1e3_z 27733212320_ff8e857b3a_z 27399756294_43c65c485f_z

Viewing all articles
Browse latest Browse all 30468

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>