Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), зиёда аз 222 ҳазор нафар муҳоҷирон ва гурезагон аз аввали сол ба воситаи баҳр ба Аврупо омадаанд,- иттилоъ медиҳад РИА «Новости».
Бино ба маълумоти СБМ, 222 ҳазору 291 нафар аз аввали сол ба воситаи баҳри Миёназамин ба соҳилҳои Аврупо омаданд. Дар айни замон 2888 нафар нобуд шудаанд ё бедараканд.
Шумораи зиёдтарини муҳоҷирон ва гурезагон, яъне 158 ҳазору 159 нафар дар соли равон дар соҳилҳои Юнон фуруд омаданд.
Ба Италия се баробар камтар, яъне 62 752 нафар омадаанд.
↧
Зиёда аз 222 ҳазор нафар муҳоҷирон ва гурезагон аз аввали сол ба воситаи баҳр ба Аврупо омадаанд
↧