Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар» /. Ҳадди ақал 19 ҷангии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ҷараёни амалиёти ҳарбии неруҳои мусаллаҳи Туркия ва эътилофи зиддитеррористӣ бо роҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кушта шуданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе Агентии Aнатолӣ бо истинод ба як манбаи нируҳои амниятӣ иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 35 иншооти ДИ дар асари ҳамлаи ҳавоӣ ва тирпарронӣ нобуд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, Туркия нақша дорад, ки дар музофоти ҷанубу шарқии Килис низоми дифои ҳавоии навро ҷойгир кунад, чунки зиёда аз 21 нафар дар ин музофот дар натиҷаи гулӯлаборонҳои мушакии ДИ аз минтақаи марзӣ дар шимоли Сурия нобуд шуданд.
↧
Дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ дар шимоли Сурия 19 нафар ҷангиёни ДИ нобуд гардиданд
↧