Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30258

Сурия: Ҳавопаймоҳои Русия 1,3 ҳазор иншооти террористонро нобуд кардаанд

$
0
0

Душанбе, 02.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳавопаймоҳои Русия ҳафтаи гузашта дар Сурия 468 парвози ҳарбӣ анҷом дода, 1,3 ҳазор иншооти террористонро нобуд кардаанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков хабар дод. «Аз ҷумла, 24 парвозро бомбаандозҳои стратегии Ту-22м3 аз қаламрави Русия анҷом доданд»,-гуфт Конашенков.
Дар ҷараёни парвозҳои ҳарбӣ ба 1 ҳазору 354 иншооти инфрасохтори террористӣ дар музофотҳои Алеппо, Латакия, Ҳама, Ҳумс, Димишқ, Раққа, Деръа ва Дэйр-Эз-Зор зарба зада шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30258

Trending Articles