Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Ваҳдати миллӣ —падидаи нодиру пурарзиш

Душанбе, 27. 06.2016/АМИТ «Ховар»/.  «Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад»,- омадааст дар Паёми табрикии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ.
Пешвои миллат изҳор доштаанд, ки истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles