Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Британия- Дэвид Кэмерон пас аз он ки аксарияти иштирокдорони раъйпурсӣ 23 июн барои баромадани Британияи Кабир аз Аврупо овоз доданд, изҳор дошт, ки моҳи октябр истеъфо медиҳад.
«Ман фикр мекунам барои ман кӯшиши будани капитане, ки кишвари худро ба макони ояндаи таъйинот мерасонад, нодуруст аст», — гуфт Кэмерон ба хабарнигорон. Бино ба гуфтаи сарвазир ба Британия «роҳбарони нав» лозиманд.
Рӯзи панҷшанбе дар Британияи Кабир раъйпурсӣ оид ба узвияти кишвар дар ИА баргузор гардид. Бино ба маълумоти расмӣ барои баромадани кишвар аз Иттиҳоди Аврупо 51,9% овоз додаанд.
↧
Дэвид Кэмерон изҳор дошт, ки ба истеъфо меравад
↧