Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Ҳаҷми қарзҳои хурд дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиёд шуд

Душанбе, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ то интиҳои моҳи майи соли равон бо пули миллӣ 4 242, 1 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 6 714,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Тавре ки  Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, таркиби бақияи қарзҳо аз 42,6% (4 670,8 миллион сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 57,4% (6 285,8 миллион сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди дар моҳҳои январ-майи соли равон додашуда, 1 471,5 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 301,8 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд, ки назар ба моҳи апрели соли равон 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>