ДУШАНБЕ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки 17 ноябр Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп барои бастани созишномаи муваққатии тиҷоратӣ дар Чилӣ мулоқот анҷом диҳанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Арменпресс» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе рӯзномаи «South China Morning Pos» хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сарварони ду давлат баъди баргузории ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором (APEC) дар Сантяго мулоқот намуда, «агар ҳама чиз нарм гузарад», созишномаи муваққатӣ ба имзо мерасонанд.