Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Сергей Лавров ва Ҷон Керри оташбас дар Сурияро баррасӣ карданд

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни суҳбати телефонӣ бо Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри вазъ дар Сурия, аз ҷумла имконияти ҳамкории байни ду кишварро дар мубориза бар зидди терроризм баррасӣ кард. Дар ин бора рӯзи душанбе Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дод.
«Ҳар ду ҷониб вазъ дар Сурия, аз ҷумла имконияти ҳамкории Русия ва Амрикоро дар мубориза бар зидди созмонҳои террористие, ки дар ин кишвар фаъолият доранд,  баррасӣ карданд», — омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>