Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 32341

Ҷоми КФО: Ҷуфти дастаҳое, ки дар бозиҳои ¼- ниҳоӣ ширкат меварзанд, муайян шуданд

$
0
0

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мубориза барои Ҷоми КФО, ки имсол дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ҳунарнамоиашонро ба анҷом расониданд, идома дорад.
Дар қуръакашии навбатӣ ҷуфти дастаҳое, ки муборизаро барои Ҷом дар вохӯриҳои ¼- ниҳоӣ идома медиҳанд, муайян шуданд.
Ба ҳамин тартиб, дар вохӯриҳои ¼- ниҳоӣ «Соуз Чайна»-и Гон-Конг  бо «Чаҳор Дарул Таъзим»-и Малайзия, «Айр Форс »-и Ироқ  бо «Алҷайш»-и Сурия, «Алаҳад»-и Лубнон бо «Алмуҳаррақ»-и Баҳрайн ва «Бангалуру»-и Ҳиндустон бо «Тампинс Роверс»-и Сингапур 13-14 ва 20-21 сентябр вориди сабқат мешаванд.  Баъдан ғолибони ҷуфти аввал бо дуюм ва сеюм бо чорум дар бозиҳои  нимниҳоии Ҷоми КФО бо ҳам қувва меозмоянд.
Вохӯрии ниҳоӣ 5 ноябр барпо хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 32341

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>