Душанбе, 06.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Миср барои риояи оташбас дар Сурия, ҳадди ақал дар давраи моҳи Рамазон даъват карданд. Изҳороти мазкур дар натиҷаи суҳбати телефонии Сергей Лавров ва Семеҳ Шукрӣ, ки рӯзи сешанбе сурат гирифт, баён карда шуд. Дар ин бора аз сомонаи идораи дипломатии Русия хабар додаанд..
«Маскав ва Қоҳира чунин меҳисобанд, ки оташбаси устувор барои ҳалли муассири масъалаи расонидани кумаки башардӯстона ва мусоидат дар ҷараёни гуфтушунидҳо байни давлат ва мухолифин, ки бояд хислати фарогир дошта бошад, иҷозат медиҳад», — гуфта мешавад дар иттилоия.
↧
Русия ва Миср барои риояи оташбас дар моҳи Рамазон дар Сурия даъват карданд
↧