Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Натиҷаҳои вохӯриҳои ҷавобии плей-оффи Чемпионати Осиё -2019

$
0
0

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, дирӯз  дар вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка дастаи мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 1:0 мағлуб кард . Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 5:0 анҷом ёфта буд.  Ғайр аз бозии мазкур ҳамчунин тими мунтахаби Ҳиндустон бар Лаос 6:1(1:0), Камбоҷа бар Тайбейи Чин 2:0(2:2), Малайзия бар Тимори шарқӣ 3:0(3:0) ва Яман бар Малдив 2:0(2:0) ғолиб омаданд.
Ба ҳамин тартиб, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа ва  Яман ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат гирифтанд.
5 дастаи дар даври бозиҳои плей-офф ба нокомӣ дучоршуда, барои ба даст овардани роҳхат якҷоя бо тими мунтахаби Бутан 6 сентябр ва 11 октябр дар се ҷуфти бозиҳои плей-офф-1 ширкат меварзанд ва ғолибонашон ба бозиҳои гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Таиланд, Ироқ, Кореяи ҷанубӣ ва Узбекистон мустақиман дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2019, ки дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузаранд, иштирок мекунанд.
Дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Гон-Конг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Баҳрайн, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман ва Мянма дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё- 2019 якҷоя бо ғолибони се ҷуфти бозиҳои плей-оффи 1, ҷамъ 24 даста  соли оянда дар 6 гурӯҳи чордастагӣ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд.
Дар натиҷа ғолибони гурӯҳ ва соҳибони ҷои дуюм ба қатори 12 дастаи финалист ҳамроҳ мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>