Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30897

Дар Душанбе доир ба имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқ Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ доир гардид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.  

Дар кори он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои илмию тадқиқотии мамлакат, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи конференсия директори Маркази миллии қонунгузорӣ  Ҳабибулло Саидзода иброз дошт, ки «бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи имплементатсияи (татбиқи) меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Сиёсати иҷтимоӣ-ҳуқуқии давлат, ки соҳаҳои мухталифро дар бар гирифтааст, ба ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ, яъне имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст».

Дар конференсия намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, намояндагони вазоратҳои адлия, фарҳанг, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ назари худро баён намуданд.

Зикр гардид, ки бо мурури замон ва пешрафти ҳаёти ҷомеа дар ин соҳа муносибатҳои нав ба вуҷуд омаданд, ки ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур зарурати таҳлили қонунгузории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро дар шароити ҳозира тақозо менамояд.

Тибқи барнома, иштирокчиёни конференсия бо мавзӯъҳои ҷолибу ҳалталаб вобаста ба масъалаҳои мавриди назар фикру андешаҳои хешро иброз доштанд. Ҳамзамон доир ба дигар паҳлӯҳои актуалии рушди имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардиданд.

Бахусус зимни пешниҳоди маърӯза аз ҷониби иштирокчиёни конференсия мавзӯъҳои “Механизмҳои миллии имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ: нақши комиссияҳои миллӣ дар таъмини пешгирии вайронкуниҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ”, “Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондустӣ: мафҳум, шаклҳо, тарзҳо ва механизмҳо”, “Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аҳамияти ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ”, “Оид ба баъзе масъалаҳои имплементатсияи Шартномаи байналмилалии савдои силоҳ”, “Имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мақоми ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ”, “Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ оид ба истифодаи аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар: таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ”, “Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқӣ-байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Принсипҳои эҳтироми ҳуқуқи инсон дар ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ”, “Баъзе масъалаҳои имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ вобаста ба вазъи бедаракгумшудагон”, “Масъалаҳои имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар бахши ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ”, “Ҳимояи ҳуқуқи аҳолии осоишта дар ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ” ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охири кори Конференсияи байналмилалӣ вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшуда аз ҷониби иштирокчиён музокираҳо сурат гирифта, таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30897

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>