Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ хизмати ройгони тиббӣ мерасонад

Хоруғ, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон се рӯз боз дар ВМКБ ба қишри камбизоати ҷомеа хадамоти ройгони тиббӣ мерасонанд. Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- клиникии стомотология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯи  ин вазорат Маҳмадулло Қосимов гуфт, ки бо дастури Пешвои миллат кормандони  мо ба шаҳру навоҳии вилоят сафари хизматӣ доранд ва дар ин се рӯз вазъи саломатии бештар аз 500 нафар аз сокинони вилоятро мавриди муоина ва табобат  қарор доданд. Дар баробари ин ба иддае аз сокинон барои ҳифзи саломатӣ тавсияю маслиҳатҳои ройгон дода шуданд.
Як тан аз бошандагони шаҳри Хоруғ, нафақахӯр Меҳриниссо Гулбекова сафари ин «Корвони саломатӣ»-ро ба вилоят саривақтӣ арзёбӣ карда,  баён дошт, ки тағйирёбии обу ҳавои чанд соли охир ба сиҳатии одамон, бахусус солмандон низ асари манфӣ мегузорад.
Аз ин рӯ, онҳо ба ташхису табобати бештар ниёз доранд. Мо аз хизмати тиббӣ ва  муносибати дилсӯзонаи ин табибон  минатдорем.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28776

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>