Душанбе, 07.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҳавопаймоҳои НКҲ ФР дар Сурия чаҳор объекти ғайриқонунии истихроҷи нафтро, ки таҳти назорати ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» қарор доштанд, нобуд сохтанд. Дар ин бора АИ «REGNUM» бо такя ба варақаи Маркази оштии тарафҳои даргир дар қаламрави Сурия иттилоъ дод.
Зарбаҳои ҳавоӣ ба объектҳои воқеъ дар шимолу ғарби шаҳри Раққа, инчунин дар вилояти Ҳумс расонида шуданд. Дар варақа гуфта мешавад, ки дар як рӯз ҷангиёни гурӯҳи террористии «Ҷабҳат-ун-Нусра » нуқтаҳои аҳолинишини Айн-ал-Қантара, Раша ва Ҳаддод, дар музофоти Идлиб Фуъа ва дар музофоти Ҳама — Скалбияро мавриди тирпарронӣ қарор доданд.
↧
Ҳавопаймоҳои НКҲ ФР дар Сурия чаҳор объекти ғайриқонунии истихроҷи нафтро нобуд сохтанд
↧