Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Дар Қазоқистон зимни амалиёти махсус 4 ҷинояткор маҳв гардиданд

Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Актобеи Қазоқистон зимни амалиёти махсуси зиддитеррористӣ 4 ҷинояткор маҳв шуда, 7 каси дигар дастгир гардиданд. Дар ин бора ба агентии «Интерфакс-Қазоқистон» котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар Алмас Садубаев хабар дод. Ду нафар аз дастгиршудагон захмӣ шуданд. Амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир гардидани ҷинояткорони дигар идома дорад.
Рӯзи якшанбе ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши силоҳ «Паллада» ҳамлаи мусаллаҳона содир намуда, фурӯшанда ва муҳофизро кушта, инчунин 3 корманди полисро захмӣ карданд.
Ҳамчунин ба мағозаи дигари фурӯши силоҳи «Пантера» ҳамла содир шуд, ки дар натиҷа 1 мизоҷи он ҳалок гардида, 1 каси дигар ҷароҳат бардошт.  Зимни тирпарронӣ 3 ҷинояткор маҳв гардида, 1 каси дигар дастгир шуд.
Илова бар ин, худи ҳамон рӯз ҷинояткорони номаълум ба қисми низомӣ ҳамла оварданд. Бино ба гуфтаи А. Садубаев, ҷинояткорон бо автобуси рабудашуда ба ҳудуди қисми низомӣ зада даромада, оташ кушодаанд, ки дар натиҷа 3 ходими ҳарбӣ ҳалок гардида, 6 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Қаровули навбатдор ба онҳо оташ кушода, ба ин васила кӯшиши ба ҳудуди қисми низомӣ даромадани онҳоро пешгирӣ кард.
Баъдан дар якҷоягӣ бо полис яке аз ҷинояткорон нобуд карда шуда, 1 каси дигар маҷрӯҳ ва боздошт гардид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28805

Trending Articles