Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29735

Дарёфт ва мусодираи ёқути сурх аз сокини ноҳияи Хуросон

$
0
0

Душанбе, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.    Аз  ҷониби кормандони милитсия сокини  33-солаи ноҳияи Хуросон  ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои  қиматбаҳо дастгир карда шуд
Дар вақти кофтукови шахсӣ мувофиқи маълумотномаи Корхонаи иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номбурда 23,83 грамм санги қиматбаҳои ёқути сурх дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин дар ин рӯз ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 28-солаи ноҳияи Ёвон ва сокини 33-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ дошти сангҳои қиматбаҳо дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ мувофиқи маълумотномаи Корхонаи иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо 31,08 грамм сангҳои  қиматбаҳои  ёқути сурх дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29735

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>