Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 31091

Ба дуздӣ даст задании мактаббачаҳо

$
0
0

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 46-солаи шаҳри Душанбе, директори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муроҷиат намудааст, ки  2 июни соли равон шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди утоқи кориаш  шуда, аз он ҷо 1 компютери тамғаи «Асер», 1 адад монитор, ки арзиши умумиашон 5 ҳазору 875 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду ҷавони 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе, хонандагони синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 31091

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>