Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Кумаки Хадамоти гумрук ба мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ

Душанбе,02.062016/АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки кишвар дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба мактаб-интернати низомаш махсуси  ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор кумак расонд. Ин кумак иборат аз  фаршҳои долонӣ бо масоҳати беш аз 600 метри мураббаъ буда, инчунин аз ҷониби Хадамоти гумрук дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон долонҳои таълимгоҳи номбурда пурра таъмир гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявӣ беш аз 380 нафар кӯдакони маъюб ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки  мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявиро дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2014 инҷониб  сарпарастӣ намуда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ пайваста кумак мерасонад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>