Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28913

ВАО: Дар натиҷаи таркиш дар Туркия чор нафар нобуд ва 19 тани дигар ҷароҳат бардоштанд

$
0
0

Душанбе, 31.05.2016 / АМИТ «Ховар»/. Дар кӯча ҳангоми убури мошини милиса як бомбаи худсохт таркид.
Бино ба иттилои  шабакаи телевизионии НТВ дар натиҷаи таркиш  дар шаҳри Силопи музофоти Ширнак дар ҷанубу шарқи  Туркия ҳадди ақал чор нафар нобуд ва 19 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, таҷҳизоти таркандаи худсохт, ки дар  фазлаоб  гузошта шуда буд, инфиҷор ёфт. Таркиш ҳангоми убури мошини милитсия ба амал омад.
Гуфта мешавад, ки дар байни маҷрӯҳон  панҷ нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ҳастанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28913

Trending Articles