Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28956

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммад Навоз Шариф

$
0
0

Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқия ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Оли,

Аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам.

Аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам.

Умедворам, ки аз бистари беморӣ ба ҳаёти рӯзмарраи худ ҳарчӣ зудтар қадам ниҳода, фаъолияти сермасъули хешро баҳри рушду шукуфоии беш аз пеши кишвари дӯсти Покистон бо нерӯи тоза идома хоҳед дод”.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28956

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>