Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хабаргузории «Уфуқнюс» бо такя ба гузориши манбаи хабарии «Таймз»-и Бейрут овардааст, ки як зани курдӣ ба номи Руждо Филот алайҳи ДИИШ ва барои озодсозии Сурия мубориза мекунад ва 15 ҳазор тан ҷангҷӯи арабу курд аз ӯ пайравӣ мекунанд. Ин фармондеҳи зан гуфтааст, ҳадафаш танҳо озодсозии Сурия аз вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ мебошад ва занонро дар ин росто фармондеҳӣ мекунад, то замоне ки ҷон дар бадан доранд, мубориза хоҳанд бурд.
Неруи курдӣ дар Сурия то кунун барои озодсозии ин кишвар аз вуҷуди мухолифин дастовардҳои чашмрасе дошта ва ҳамвора алайҳи афроди гурӯҳи ДИИШ мубориза бурда ва онҳоро нобуд сохтаанд.